ДАСТАИ МУНТАХАБИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАДВАЛИ ОЗИҲОИ ОЛИМПӢ Ҷ
Медали ягонаи биринҷиро дар оғози Бозиҳои олимпӣ дзюдочӣ Расул Боқиев ба даст оварда буд. Бо вуҷуди ин, дастаи мунтахаби миллии олимпии Тоҷикистон дар мавриди ғалабаи гӯштингир Юсуф Абдусаломов мавқеи худро беҳтар карда метавонад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ю. Абдусаломов айни ҳол дар Бозиҳои олимпӣ натиҷаҳои хуб ба даст меорад. Вай дар давоми як рӯз дар қувваозмоӣ бо се ҳарифи худ ғолиб омад. Айни ҳол аз ҷиҳати миқдори медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 45 медали тилло ҷойи аввал, дастаи мунтахаби ИМА бо 26 медали тилло ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Британияи Кабир бо 16 медали тилло ҷойи сеюмро ишғол менамоянд.