ДУХТУРОНИ РУСИЯ БА ҲАМКАСБОНИ ХУД АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Мутахассисони рус дар доираи ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Ба ҳайат духтурони дараҷаи олии бемориҳои дил, бемориҳои дохилӣ, асабшинос, ҷарроҳи гурда, бемориҳои чашму гулӯ ва биннӣ, духтурони бемориҳои занона ва хоҳарони шафқат шомиланд. Кӯмаки духтурони рус ба духтурони тоҷик солҳои Ҳукумати Шӯравӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Акнун духтурони Русия ба ҳамкасбони тоҷикашон дар ташхису табобати бемориҳои вазнин кӯмак мерасонанд. Ин анъанаи нек акнун дар доираи СҲШ давом дода мешавад. Бояд гуфт, ки соли гузашта низ гурӯҳи духтурони Русия ба Тоҷикистон омада буданд. Онҳо имсол ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон асбобу анҷоми мураккаби ташхискунандаро оварданд. Сафари кории духтурони Русия дар Тоҷикистон то 13 сентябр давом мекунад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






