ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАКИ ҶТ ВА ҶМЧ

Август 27, 2008 12:53

ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАКИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ ОИД БА ГУСТАРИШИ МИНБАЪДАИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУСНИ ҲАМҶАВОРӣ, ДЎСТӣ ВА ҲАМКОРӣ Аз 26 то 27 августи соли 2008 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тзинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Роҳбарони ҳар ду давлат оид ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Хитой, инчунин масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷўҳи тарафайн мубодилаи афкори амиқ анҷом дода, ба мувофиқаи зерин расиданд: 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой (минбаъд Тарафҳо) якдилона дар ин ақидаанд, ки Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкории аз ҷониби Роҳбарони ду давлат 15 январи соли 2007 имзошуда аҳамияти таърихӣ дошта, барои пешрафти пайдарҳами муносибатҳои дарозмуддат, мунтазам ва солими Тоҷикистон ва Хитой заминаҳои мустаҳками қонунӣ гузоштааст. Тарафҳо азми қавӣ доранд роҳ ва усулҳои дар Аҳднома  муайянгардидаро сармашқи кори худ қарор дода саъю талош намоянд, ки тамоми санадҳои сиёсии дуҷонибаи аз ҷониби Роҳбарони ду давлат аз ибтидои барқарории муносибатҳои дипломатӣ то инҷониб имзошударо бомуваффақият дар амал татбиқ карда, ба пешрафти мунтазами муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Хитой мусоидат намоянд.  2.Роҳбарони ҳар ду давлат вазъи кунунии рушди муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкории миёни ду давлатро олӣ арзёбӣ намуда боварӣ доранд, ки пешрафти босуръати ҳамкориҳо миёни ду давлат дар соҳаҳои гуногун ба халқҳои ду кишвар манфиати воқеӣ меоварад. Тарафҳо таъкид менамоянд, ки ба таври мунтазам мулоқотҳои байни якдигарро дар сатҳи олӣ доир намуда, оид ба масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва вазъияти байнахалқӣ ба таври фаврӣ мубодилаи афкор менамоянд. Тарафҳо ба таври муносиб алоқаҳояшонро миёни ҳукуматҳо ва идораҳои гуногуни ҳарду кишвар мустаҳкам намуда, мубодила ва ҳамкориҳоро миёни ду давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, амният, соҳаи башардўстона таъмиқ ва густариш дода, сатҳи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Хитойро мунтазам баланд мебардоранд.  3.Тарафҳо ба таври муносиб мубодила ва ҳамкориро миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқ, инчунин миёни комиссияҳои махсуси гуногун ва гурўҳҳои дўстӣ дастгирӣ карда, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро такмил медиҳанд, дўстии анъанавиро мустаҳкам ва якдигарфаҳмии халқҳои ду давлатро ривоҷу равнақ медиҳанд.  4.Тарафҳо бори дигар таъкид менамоянд, ки демаркатсияи сарҳади давлатҳои Тоҷикистон ва Хитой аҳамияти бузург дорад. Тарафҳо ба таври ҷиддӣ тамоми созишнома ва санадҳои миёни ду давлат ба имзо расидаро, ки ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тааллуқ доранд, риоя карда азми комил доранд сулҳи пойдор ва дўстии чандинасраи аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии ду давлатро ҳифз намоянд. 5.Тарафҳо изҳор менамоянд ки бо дастгирии якдигар ҳалли масъалаҳои вобаста ба истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии давлатҳояшонро идома медиҳанд. Тарафи тоҷикистонӣ бори дигар пуштибонии худро аз «сиёсати Хитои ягона» изҳор дошта, тасдиқ менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳукумати ягонаи қонунии тамоми Хитой буда, Тайван як ҷузъи он ба ҳисоб меравад. Тарафи тоҷикистонӣ муқобили ҳама гуна кўшишҳои ташкил намудани «ду Хитой», як Хитой ва як Тайван, «соҳибистиқлолии Тайван» ва ворид гардидани Тайван ба ягон ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки танҳо кишварҳои соҳибистиқлол ҳуқуқи аъзо шуданро дар онҳо доранд,  мебошад; дар ягон шакл бо Тайван муносибатҳои расмӣ ва дигар робитаҳоро барқарор ва густариш намедиҳад. Тарафи Тоҷикистон тамоми саъю кўшишҳои ҳукумати Хитойро барои дар амал муттаҳид намудани кишвар дастгирӣ намуда дар ин ақида аст, ки ҳалли масъалаи Тайван кори дохилии Хитой буда қувваҳои беруна ҳаққи мудохила ба онро надоранд. Тарафи Ҷумҳурии Хитой мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала олӣ арзёбӣ карда бори дигар дастгирии худро аз саъю кўшиши Тарафи тоҷикистонӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва миллӣ, тамомияти арзӣ, инчунин таъмини суботи дохилӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ изҳор медорад. 6.Тарафҳо чунин мешуморанд, ки муқовимат бо ҷунбиши террористии «Туркистони Шарқӣ» яке аз бахшҳои муҳими таркибии мубориза бо терроризми байналмилалӣ мебошад. Тарафҳо изҳор менамоянд, ки тибқи бандҳои «Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», инчунин «Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», бо тамоми намудҳои терроризм, аз ҷумла ҷунбиши террористии «Туркистони Шарқӣ» муқовимат нишон дода бо мақсади ҳифзи сулҳ ва барқарории сулҳу субот дар ҳар ду давлат ва минтақа якҷоя фаъолият мебаранд. 7.Тарафҳо чунин мешуморанд, ки ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ба суботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллии давлатҳои минтақа таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд ва аз ин рў дар ҳамоҳангӣ ба муқобили намудҳои гуногуни ин ҷиноят, аз ҷумла истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир тадбирҳои таъсирбахш меандешанд. 8.Тарафи хитоӣ ба Тарафи тоҷикистонӣ барои ҳамдардӣ ба зарардидагони заминларзаи вилояти Сичуани Ҷумҳурии Халқии Хитой, инчунин кўмаки молӣ ва пулӣ ба аҳолии минтақаи зарардида ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табии ва барқарор намудани он изҳори миннатдорӣ карда, онро олӣ арзёбӣ менамояд. 9.Тарафи тоҷикистонӣ анҷоми бомуваффақияти бозиҳои Олимпиадаи 2008 дар ш.Пекинро ба Тарафи хитоӣ муборакбод гуфта, чунин мешуморад, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар пешрафти ҳаракати байналхалқии олимпӣ ва бунёди сулҳи мутаносиб дар олам саҳми арзанда гузоштааст. 10. Тарафҳо чунин мешуморанд, ки мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ барои мусоидат ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо миёни ду давлат аҳамияти хос дорад. Тарафҳо ба пурзўр намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии ду давлат мувофиқ буда таркиби тиҷоратро васеъ менамоянд, ба ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ мусоидат мекунанд, фазои тиҷоратӣ–сармоягузориро беҳтар мегардонанд, дар асоси баробарҳуқуқӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт, коммуникатсия, истихроҷ ва коркарди захираҳои минералӣ, кишоварзӣ, сохтмон, иншооти инфраструктурӣ ва дигар соҳаҳо густариш медиҳанд. 11.Тарафҳо ҳамкориҳои мавҷударо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва интиқоли транзитии борҳо идома дода имкониятҳои боргузаронии нуктаҳои гумрукиро васеъ мегардонанд, барои ҳамдигар шароити муносиби интиқоли борҳоро ба воситаи роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан ва нақлиёти ҳавоӣ фароҳам меоваранд. Тарафҳо дар заминаи  баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои муштарак сиёсати дастгирии тиҷорати наздисарҳадиро пеш бурда ҳамкориҳои амалиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ густариш медиҳанд. 12.Тарафҳо тибқи қонунгузории кишварҳояшон барои фаъолияти сармоягузорӣ, тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ-техникӣ дар қаламрави ду давлат шароит фароҳам оварда амнияти шаҳрвандон ва ҳимояти  манфиатҳои мулкӣ ва ҳуқуқии ҷониби дигарро таъмин менамоянд. 13.Тарафҳо мубодила ва ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, фарҳанг, илм ва техника, воситаҳои ахбори омма, саёҳат, варзиш, тандурустӣ, таъмини иҷтимоӣ густариш дода мубодила ва ҳамкориро миёни донишгоҳ ва донишкадаҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои дўстии ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятии дўстии ҳар ду давлат дастгирӣ менамоянд.  14.Тарафҳо чунин мешуморанд, ки Созмони ҳамкории Шанхай  ифодагари беҳтарини тараққиёт ва пойдевори муҳим барои густариши муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории миёни давлатҳои аъзо дар асоси эътимод ва манфиатҳои муштарак гардида нақши созандаро дар амри мусоидат ба барқарории суботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрафти муштараки ин давлатҳо иҷро менамояд. Тарафҳо минбаъд низ дар ҳамбастагӣ, бо мақсади густариши ҳамкориҳои амалӣ дар чорчўбаи СҲШ, дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бехатарӣ, иқтисодиёт ва масъалаҳои башардўстона саъю талоши худро барои ҳамкорӣ идома хоҳанд дод.  15.Тарафҳо таъкид менамоянд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дорои анъанаҳои беназири таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд ва аз ин рў ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд мувофиқи воқеияти миллии онҳо ба роҳи мустақилона интихобкардаи ин давлатҳо эҳтиром гузорад. Амният ва суботи давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди бемайлони иқтисодӣ ва пешрафти пайдарҳами иҷтимоии онҳо ҷавобгўи манфиатҳои асосии тамоми халқҳои давлатҳои минтақа мебошад. Ҷумҳурии Халқии Хитой саъю талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи мусоидат ба амният, суббот ва тараққиёти минтақаи Осиёи Марказӣ олӣ арзёбӣ менамояд. 16.Тарафҳо пурра мувофиқ ва ё ба якдигар наздик будани мавқеи ҳар ду кишварро оид ба як қатор масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ қайд намуда, таъкид мекунанд, ки ҳамкориҳоро миёни ду давлат дар чорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ идома медиҳанд. Тарафҳо ҳадаф ва усулҳои асосии Оинномаи СММ ва меъёрҳои умумии қабулшудаи ҳуқуқи башарро қатъӣ риоя намуда, дар заминаи он бунёди сохтори нави амниятиро дар асоси боварӣ ва манфиатҳои муштарак, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ инкишоф медиҳанд. Тарафҳо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези масъалаҳои баҳсталаби байналхалқӣ буда нақши ҳалкунандаи СММ-ро ҷиҳати таъмини сулҳу амният дар сайёра таъкид мекунанд, гуногунрангии тамаддунҳо ва намудҳои инкишофро эътироф ва эҳтиром менамоянд, ба бунёди сулҳи пойдор дар асоси суботи комил ва рушду нумўи муштарак мусоидат менамоянд.  17.Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Тзинтао аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи самимонаи ҳайати Хитой изҳори миннатдорӣ намуда, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ аз              Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват намуд. Даъват бо мамнуният қабул карда шуд.Фурсати муносиби сафар бо роҳхои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.    ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАИСИҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ  ХИТОЙ                                                                                                                ш. Душанбе, 27 августи соли 2008.

Август 27, 2008 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе афзоиш медиҳад
Тарғиби чорабиниҳои сатҳи баланди Тоҷикистон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Туркманистон
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Expo 2025» иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занҳои ихтироъкор – 2025» баргузор гардид
Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар бандари Эрон ба 70 нафар расид
То 2 май дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд
«IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод
Ба соҳибкори муваффақи тоҷик аз ҷониби Президенти Қазоқистон Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд
Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст