ГУРӮҲИ НОЗИРОНИ ИДМ ДАР БЕЛОРУСИЯ САМАРАБАХШ КОР МЕКУНАД
Бояд гуфт, ки намояндагони ИДМ барои мушоҳидаи ҷараёни интихобот бори чорум ба Белорусия фиристода мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки умуман дар давоми қариб ду моҳ дар ҳайати мазкур камаш 300 нафар кор хоҳад кард. Фаъолияти гурӯҳи нозирон дар Белорусия 29 июл оғоз ёфт. Айни ҳол дар Белорусия 35 нозири мамлакатҳои ИДМ кор мекунанд. Онҳо бо шахсони масъул ва мансабдори Белорусия силсилаи мулоқотҳо анҷом доданд, ки ба ин ё он масъалаи гузаронидани интихобот мутасаддианд. Нозирони ИДМ айни ҳол ҷараёни ташкили комиссияҳои интихоботӣ, ба кайд гирифтани гурӯҳҳои ташаббускор ва пешбарӣ намудани номзадҳоро ба вакили палатаи намояндагон мушоҳида менамоянд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






