МАҶЛИСИ ҲАШТУМИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Август 28, 2008 11:29

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова Пайрав Назаров). — Дар Душанбе маҷлиси ҳаштуми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд. Дар он Президентҳои давлатҳои аъзои созмон — Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва намояндагони давлатҳои мушоҳид – Муғулистон, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доранд. Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай дар маҷлис ҳамчун меҳмон ширкат меварзад. Ҳуҷҷати асосии маҷлиси сарони давлатҳои аъзои СҲШ Эъломияи Душанбе мебошад, ки дар он мавқеи сарони давлатҳои аъзо дар бораи нақш ва мақоми созмон дар арсаи байналхалқӣ ва Осиёи Марказӣ, муносибатҳои ягонаи онҳо дар масъалаи андешидани тадбирҳои ҷавобӣ ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира, ба роҳ андохтани ҳамкорӣ ва муносибатҳо бо давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналхалқӣ барои таъмини амният ва суботи минтақа ва тақвияти ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ инъикос карда мешаванд. Иштирокчиёни мулоқот бо назардошти торафт бештар паҳн гардидани маводи нашъадор ва таҳдиди амалиёти террористӣ аз қаламрави Афғонистон ба проблемаҳои ин мамлакат диққати ҷиддӣ хоҳанд дод. Тавре хабар дода шуда буд, ҳадафҳои асосии созмон тақвияти боварию эътимоди байни давлатҳои аъзо, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника, фарҳанг, маориф, энергетика, нақлиёт, экология ва ғайра мебошад. Мамлакатҳои аъзои созмон барои таъмини сулҳу субот, амният ва бунёди тартиботи демократию одилонаи сиёсию иқтисодии байналхалқӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Август 28, 2008 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд