МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ
Шоми 27 август дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гашт. Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай — Эмомалӣ Раҳмон, Ху Тсзинтао, Дмитрий Медведев, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов ва Қурмонбек Боқиев ва оид ба мавзуъоти рӯзномаи ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ва масоили гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд. Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон, Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ин шаш давлат аъзои комилҳуқукӣ Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор мераванд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар назар аст, ки якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ба густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи ин созмон заминаи боэътимод мегузоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






