«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд

Декабрь 19, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  19 декабр Ширкати «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» идомаи ҳамкории стратегияшро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар доираи нишасти матбуотӣ, ки   дар идораи марказии ширкат дар шаҳри Душанбе баргузор шуд,  эълон намуд.

Созишномаи нав то охири соли 2027 амал карда,  садоқати ширкатро барои дастгирии рушди футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фаъол дар саросари кишвар бори дигар нишон медиҳад.

Ширкат аз соли 2017 бо ФФТ ҳамкорӣ мекунад ва ин ҳамкорӣ дар пешбурди футбол дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст. Давоми  ин солҳо талошҳои муштарак барномаҳои маҳаллӣ, мусобиқаҳои ҷавонон ва рушди инфрасохторро дастгирӣ намуда, барои ҳазорҳо варзишгари ҷавон имконият фароҳам оварданд, ки ба варзиш ҷалб шуда, тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд.

Дар чорабинӣ намояндагони Ширкати «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳои пешсаф, ки тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро мегиранд, иштирок карданд. Нишасти матбуотӣ маросими имзои созишнома ва мусоҳибаҳо бо Бурак Атеш, директори генералии Ширкат ва Искандар Ҷалилов, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар бар гирифт.

Директори генералии Ширкати «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» Бурак Атеш изҳор дошт, ки «футбол танҳо як бозӣ нест — он манбаи илҳом ва ваҳдат барои ҷомеаҳо мебошад. Бо ин ҳамкорӣ мо мехоҳем иштироки ҷавононро ташвиқ намоем, руҳияи дастҷамъиро тақвият диҳем ва дар рушди футбол дар Тоҷикистон саҳм гузорем. Садоқати мо аз сарпарастӣ бештар аст; мо барои насли солим ва фаъол имконияти нав фароҳам меорем».


Муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов илова намуд, ки «Ширкати «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» аз соли 2017 шарики боэътимоди мо буда, дастгирии онҳо ба мо имкон дод, ки дар рушди футбол пешравиҳои назаррас ба даст орем. Ин ҳамкорӣ ба мо имконият медиҳад, ки мусобиқаҳои миллӣ ва минтақавӣ ташкил намоем, шароити тамринро беҳтар созем ва ҷавононро барои расидан ба орзуҳои худ илҳом бахшем. Мо якҷоя заминаи мустаҳкам барои ояндаи футболи Тоҷикистон месозем».

Ин ҳамкорӣ саҳми ширкатро барои ҷалби ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол тавассути ташаббусҳои варзишӣ боз ҳам аён мекунад. Бо дастгирии рушди футбол ширкат мехоҳад ҷавононро илҳом бахшад, имконияти баробар фароҳам оварад ва дар рушди дарозмуддати яке аз варзишҳои дӯстдоштаи Тоҷикистон саҳм гузорад.

 Дар бораи Coca-Cola İçecek (CCI)

Coca-Cola İçecek (CCI) ширкати байналмилалии нӯшокиҳои Туркия мебошад, ки ба Гурӯҳи Anadolu тааллуқ дорад ва дар кишварҳои Туркия, Покистон, Қазоқистон, Ироқ, Узбекистон, Бангладеш, Озарбойҷон, Қирғизистон, Урдун, Тоҷикистон, Туркманистон ва Сурия фаъолият мекунад.

CCI истеҳсол, тақсим ва фурӯши нӯшокиҳои газдор ва бе гази The Coca-Cola Company ва Monster Energy Beverage Corporation-ро ба роҳ монда, инчунин тавассути ширкати фаръии худ Anadolu Etap İçecek (Anadolu Etap Penkon Gıda ve İçecek Ürünleri Sanayi ve Ticaret Anonim Şirket) консентрати шарбати мева истеҳсол мекунад.

Ширкат зиёда аз 10 000 корманд дорад, дар 12 кишвар 36 корхонаи шишабандӣ ва 3 корхонаи коркарди мева фаъолият мекунанд, ки ба аҳолии 600 миллион нафар доираи васеи нӯшокиҳоро пешниҳод менамояд. Ба ғайр аз нӯшокиҳои газдор портфели маҳсулот шарбатҳо, обҳо, нӯшокиҳои варзишӣ ва энергетикӣ, чойҳои яхкардашуда ва қаҳваро дар бар мегирад. Саҳмияҳои CCI дар Биржаи Истанбул (Borsa Istanbul Stock Exchange) бо рамзи «CCOLA.IS» муомила карда мешаванд.

Декабрь 19, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад