МУЛОҚОТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БО ЖУРНАЛИСТОН
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз бо кормандони баъзе воситаҳои ахбори оммавии мамлакат мулоқот анҷом медиҳанд. Онҳо ба журналистон дар бораи нақшаҳои дурнамои рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот хоҳанд дод. Мулоқот дар қароргоҳи марказии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Р.Шарма ба намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ дар бораи проблемаҳои соҳаи энергетика нақл карда, ба саволҳои журналистон ҷавоб хоҳад дод.