МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ
Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили татбиқи санадҳои зиёди ҳамкории байни ду кишвари дўсту ҳамсоя ва тадбирҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ шуд. Лоиҳаҳои муштараки дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳою пулҳои оҳану мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ, нерўгоҳҳои обию ҳароратӣ ва ғайра дорои аҳамияти стратегӣ барои кулли минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маънидод гардид. Таваҷҷўҳи хос ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид. Мусоҳибон ҳамчунин ба рушди ҳамкории минтақавии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мароқ зоҳир намуданд. Муносибатҳои байни Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои умедбахш барои мардумони ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






