МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ИСЛОМ КАРИМОВ

Август 27, 2008 17:30

              Чунонки иттилоъ доред, нимаи дуюми рўз ҳамаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.Дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот намуд.Дар вохўрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуд.              Сарони ду давлати ҳамсоя нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзо ва нозири он муҳим арзёбӣ намуданд.           Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ҳасанаи байни Тоҷикистону Узбекистон таъкид намуданд.           Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримовро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.

Август 27, 2008 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд