МУЛОҚОТИ ХОСАИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ВА ХУ ТСЗИНТАО

Август 27, 2008 10:00

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ  дар бинои боҳашамати Қасри Миллат нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао  баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро бо ҷараёни бобарори Бозиҳои Олимпии Пекин ва натиҷаҳои баланди нишондодаи варзишгарони Чин табрику таҳният гуфт ва изҳор намуд: «Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст». Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао низ муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии кишвари худ арзёбӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Август 27, 2008 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад