МУЛОҚОТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ
Президентҳои Русия Дмитрий Медведев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Ӯзбекистон Ислом Каримов баъди чошти имрӯз ба Душанбе меоянд. Раиси давлати Чин Ху Сзинтао бегоҳии 26 август барои боздиди давлатӣ ба Душанбе омад. Баъди ба Душанбе омадани сарони давлатҳои аъзои СҲШ мулоқотҳои дуҷонибаи онҳо ба нақша гирифта шудааст. Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ 28 август кушода мешавад. Дар назар аст, ки аз кишварҳои нозир дар СҲШ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳайатҳои расмии Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон ба Душанбе меоянд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Душанбе масъалаҳои таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон, тақвияти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддар ва силоҳ, инчунин нақшаҳои фаъолияти минбаъдаи созмон муҳокима карда мешаванд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






