ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ОДАМУШШУАРО

Август 25, 2008 10:21

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят бо рафти таъмири мақбараи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд шинос шуд. Инчунин, Қ. Расулзода бо рафти сохтмони варзишгоҳи марказӣ, ки чорабиниҳои асосии ин ҷашн дар он ҷо баргузор мегарданд, кохи фарҳанг, таъмири осорхонаи бостоншиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва иншооти дигари ноҳия низ ошноӣ пайдо кард. Таҳияи барномаҳои мухталифи пурмӯҳтаво, чопи маводҳои ҷолиб аз ҳаёт ва осори Рӯдакӣ, таҳияи филмҳои мустанаду бадеӣ, намоиши филм ва барномаҳои солҳои пеш ба навор гирифта шуда, ба саҳнагузории намоишномаҳои нав дар театрҳо имконият медиҳанд, ки ҳарчи бештар ба мардум дар бораи ин фарзанди фарзонаи миллат маълумот диҳем. Ба муносибати ҷашн конфронсҳои илмӣ ва назариявӣ доир мегарданд. Аз ҷумла, конфронси байналмилалии "Андешаи ҷаҳонсози Рӯдакӣ дар оинаи муколамаи фарҳангҳо", "Рӯдакӣ — қофиласолори назм" ва ғайра аз қабили онҳоянд. Созандагиву бунёдкорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, дар арафаи ҳар як ҷашну маъракаҳо даҳҳо муассисаҳои маърифативу фарҳангӣ бунёд мегарданд. Ба муносибати ин сана дар маркази шаҳру ноҳияҳо гулгашту хиёбонҳои адибон ташкил карда шуда, гузоштани муҷассама ё нимпайкара ва бунёди хиёбони Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд муҷассамаи сардафтари адабиёти тоҷик ба муносибати ин ҷашни фархунда қомат меафрозад, ки хишти нахустини онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли фарҳанги вилоят гузошта буд. Ноҳияи Панҷакент чун зодгоҳи шоир дар арафаи ҷашн қабои нав ба бар мекунад. Дар ин ҷо силсилаи муассисаҳои нав бунёд ва як қатор муассисаҳои фарҳангӣ таъмир карда мешаванд. Барои ин бо ташаббуси Сарвари давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда шудаанд. Корҳо ҷиҳати таъмири мақбараи устод Рӯдакӣ, китобхона, осорхона, чойхона, меҳмонхона дар деҳаи Панҷрӯд, сохтмони "Кохи фарҳанг" барои панҷсад ҷоӣ, бо панҷара иҳота намудани мамнӯъгоҳи Саразм, аз нав таҷҳизонидани осорхонаи кишваршиносии Рӯдакӣ, меҳмонхонаи "Интурист", варзишгоҳи марказии шаҳр дар арафаи ҷашн суръати тоза мегиранд. Роҳи мошингарди Шӯрча-Панҷрӯд-Артуч таъмир карда, соҳилҳои дарёчаи Киштӯд бо ҳашари мардум мустаҳкам карда мешаванд. Дар анҷоми сафар раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки суръати корҳоро тезонида, дар мӯҳлати пешбинишуда муассисаҳои ҷашниро ба истифода диҳанд.

Август 25, 2008 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад