СОЗИШНОМАИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «НУРОБОД – 2» БА ШИРКАТИ ЧИН ДОДА ШУД
Лоиҳаи созишнома ба ҷониби Чин супорида шуд. Мутахассисони Чин баъди имзои созишнома ба омода сохтани ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳ шурӯъ менамоянд. Баъди ин маблағи пешакии сохтмон ва усули бунёди нерӯгоҳ муқаррар карда мешавад. Нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод – 2» 23 километр болотар аз минтақаи поёноби дарёи Хингоб сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии он 200 мегаватт мебошад. Нерӯгоҳ ҳар сол 740 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Пекин бо раиси ширкати «Синохайдро» Фан Сзисян мулоқот карда буд. Роҳбари ширкат ҳамон вақт зикр карда буд, ки ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон мароқи калон зоҳир менамояд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






