ТАРКИШҲО ДАР ПОКИСТОН
Исломобод, 26 август. ( АМИТ «Ховар». Эхо Москвы).- Дар давоми ду шабонарӯзи гузашта дар вилояти Панҷоби Покистон чанд амалиёти террористӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла ду террористи фидоӣ худро дар даромадгоҳи яке аз корхонаҳои ҳарбии шаҳри Вох тарконданд. Дар натиҷаи ҳар дуи ин таркиш 70 нафар ҳалок шуда, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Покистон Муҳаммадамин Сумро ва сарвазир Сайёд Юсуф Ризо Гелонӣ амалиёти террористиро маҳкум карда, изҳор намуданд, ки муборизаро ба муқобили террористон ва ифротгароён пурзӯр хоҳанд кард.