ТАРМИМИ ТЕАТРИ ОПЕРА ВА БАЛЕТ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тармиму таҷдиди бинои Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ чор сол боз давом дорад. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи тармими куллии бино симои он тағйир хоҳад ёфт. Директори театр Холмаҳмад Маҷидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки театр баъди тармим 21 марти соли 2009 пурра ба фаъолият шурӯъ менамояд. Айни ҳол бинокорон сутунҳои калони даромадгоҳи театрро канда, ба ҷойи онҳо сутунҳои нисбатан хурд ва бо усули шарқӣ орододашударо насб менамоянд. Дар театр осорхонаи ҳунарпешагони мардумии ИҶШС, ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон ва ҳунарпешагони хизматнишондода ташкил карда мешшавад. Бинокорон тасвири «Досу болға» — ро аз пештоқи театр гирифта, ба ҷойи он лавҳаи мунаққаши миллиро насб намуданд. Директори театр зикр намуд, ки барои харидани асбобу анҷом ва дастгоҳҳои компютерӣ қариб 1 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Айни ҳол асарҳои саҳнавии театр дар толори хурди он намоиш дода мешаванд, ки дорои 200 ҷойи нишаст мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






