ВОРИДОТИ МОЛҲОИ ПАСТСИФАТ АЗ ЧИН КОҲИШ ДОДА МЕШАВАД

Август 26, 2008 15:35

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Директори Агентии давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов бо намояндагони тиҷоратии  сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Цун Ган ва Гун Шу Ансӣ мулоқот кард. Ҳадафи мулоқот кам кардани воридоти молҳои пастсифат, аз ҷумла асбобҳои барқӣ, пойафзол, либос, бозичаҳо ва ғайра аз Чин ба Тоҷикистон буд. «Мутаассифона, имрӯзҳо бозору мағозаҳои моро молу маҳсулоти ғайристандартӣ ва пастсифат пур кардааст. Қисми зиёди ин молҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда мешавад», — тазаккур дод Д. Ҳотамов.Ба намояндагони тиҷоратии Хитой пешниҳод карда шуд, ки ба соҳибкорону тоҷирони тоҷик барои ба роҳ андохтани ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсокунандагони мол дар Чин кӯмак расонанд. Бо ин мақсад тадбирҳои муштарак андешидан мумкин аст, — гуфт Д. Ҳотамов.          Кормандони сафорати Чин изҳор намуданд, ки соҳибкорони тоҷикистонӣ зимни интихоб ва хариди мол набояд бетараф бошанд. Дар Тоҷикистон низ соҳибкорони «навбаромад»-е ҳастанд, ки аз хориҷа молҳои арзонро харида, ғайриқонунӣ ба мамлакат ворид месозанд. Мусоҳибон дар фарҷоми сӯҳбат зикр карданд, ки соҳибкорон ва тоҷироне, ки аз хориҷи кишвар воридоти молро ба ӯҳда доранд, бояд қабл аз ҳама ҳисси ватандорию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, поктинатию ҳалолкорӣ ва анъанаҳои дигари неки ниёгонамонро пос доранд.

Август 26, 2008 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст