ҶСК «МУРҒИ ҲИЛОЛ»- САМАРАИ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ

Сентябрь 25, 2008 10:30

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад, гуфт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод Маҳмадалӣ Одинаев. Ӯ афзуд, ки ҷамъияти саҳомии «Мурғи ҳилол» дар заминаи Корхонаи мурғпарварии ноҳияи Файзобод ташкил карда шуд. Тавре маълум аст, корхона солҳои шӯравӣ шӯҳрати калон дошт, вале бар асари воқеаҳои маълум дувоздаҳ сол аз кор монда буд. 17 ноябри соли 2006 фаъолияти корхона аз нав ба роҳ монда шуд. То имрӯз баҳри барқарорсозӣ ва таъмиру таҷдиди ин корхона зиёда аз 13 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Мо барои фаъол гардондани корхона аз бонк зиёда аз 2 миллион доллар кредит гирифта, онро дар муддати муайяншуда пурра бармегардонем. «Дар марҳилаи аввал мо 4 мурғхонаро ба кор андохтем, ки саршумори мурғони онҳо на он қадар зиёд буд. Ҳоло дар давоми ду сол саршумори он ба бештар аз 312 ҳазор сар расонда шудааст. Дар як рӯз зиёда аз 85 то 90 ҳазор дона тухм гирифта мешавад», — идома дод раиси ҶСК «Мурғи ҳилол». Маҳмадалӣ Одинаев зикр кард, ки моҳи апрели соли 2007 бо мақсади ҷоннок гардонидани кори корхона бо ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла ширкатҳои «Тюронобзор», «Мурғак»-и шаҳри Машҳад ва «Асонкор» шартнома ба имзо расид. «Ширкатҳои эронӣ ба мо дар таъмини чӯҷаҳо, барқарорсозии коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта барои мурғон ва ғайра дастгирӣ мекунанд. Бояд таъкид намуд, ки корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи ҶСК «Мурғи ҳилол» дар миқёси мамлакат калонтарин мебошад. Дар ин ҷо дар даҳ соат 200 тонна хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад. Аз рӯи иқтидори мавҷуда корхона метавонад, дар як рӯз барои 1 миллону 200 ҳазор мурғ хӯрок истеҳсол кунад. Роҳбари корхона ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон зимни боздид аз ноҳияи Файзобод ба корхона омада, бо фаъолияти он шинос гардид. Сарвари давлат ҳамон вақт иброз дошт, ки «Ҷамъияти саҳомии «Мурғи ҳилол», ки дорои 182 ҳазор сар мурғ мебошад, истеҳсоли тухмро ба зиёда аз 3 миллион дона расондааст. Вале рақамҳои мазкур нишондиҳандаи ниҳоӣ шуда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони корхонаро зарур аст, ки саршумори мурғро, мувофиқи нақша, то охири сол ба 350-400 ҳазор ва истеҳсоли тухмро дар як сол ба 20-21 миллион дона расонанд». «Мо низ дар тӯли фаъолияти имсолаи худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааем, ки ба ин мақсад расем. Албатта, баъди бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаи мо ин дастур барзиёд иҷро хоҳад шуд. То имрӯз корхона зиёда аз 12 миллион дона тухм истеҳол кард. Ният дорем, ки то соли 2010-2011 саршумори мурғро ба 1 миллион расонем»,- гуфт сарвари корхона. Маҳмадалӣ Одинаев тазаккур дод, ки баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии мамлакат корхона дар намоишгоҳҳо ва ярмарка-фурӯши маҳсулот фаъолона ширкат варзида, маҳсули хешро пешкаши харидорон мегардонад. Аз ҷумла, «27 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи Иди Рамазон дар шаҳри Душанбе ярмарка ташкил карда мешавад. Дар он корхонаи мо низ иштирок хоҳад кард. Инчунин, дар арафаи Иди саиди Фитр мо ният дорем, кӯмакҳои хайрияро ба роҳ монем. Сараввал, мо боғча ва мактаб-интернатҳои ҳудуди ноҳияи Файзободро дастгирӣ мекунем. Ният ҳаст, ки ба яке аз мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе низ кӯмаки худро дар ин моҳи хайру саховат расонем»,- гуфт дар анҷоми сӯҳбат Маҳмадалӣ Одинаев. Маълумотноми АМИТ «Ховар»: Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи назди ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод дар миқёси Осиёи Марказӣ аз рӯи иқтидори истеҳсолӣ ҷойи дуввумро пас аз корхони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ишғол мекунад.

Сентябрь 25, 2008 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд