ҶУБРОНИ ЗАРАРИ ФАЛОКАТ
Кӯлоб , 11 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муассисаи суғуртаи минтақаи Кӯлоб ба аҳли оилаи 10 нафар, ки 25 августи соли равон дар натиҷаи фалокати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб ҳалок шуда буданд, кӯмаки молиявӣ расонд. Сардори муассиса Саидумар Сайфуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки маблағи ҷуброни зарари фалокат ба хонаводаҳои зарардида 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин оилаҳо дар вақташ аз қайди суғуртаи давлатӣ гузашта буданд. Мувофиқи қонун, муассисаи мо вазифадор аст, ки дар мавриди рух додани фалокат зарари онро ба чунин оилаҳо ҷуброн кунад, гуфт С.Сайфуллоев. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ҷумлаи 10 нафар одамони дар натиҷаи ин фалокат ҳалокгардида 5 нафар сокини ноҳияи Фархор мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






