БОЗОРИ МЕҲНАТ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул, шумораи дар рӯихатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият дар моҳи июли соли 2008 – ум 1 миллиону 40 ҳазор нафар ё 50,7 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯихат будаи кормандони кироя дар моҳи июли соли 2008 нисбат ба моҳи июни соли ҷорӣ 0,2 фоиз зиёд ва нисат ба моҳи июли соли 2007 – ум бошад 0,8 фоиз кам шудааст. Дар соҳаи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ шумораи кормандони кироя 0,5 фоиз зиёд шуда, 690,8 ҳазор нафар ва дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ 0,9 фоиз кам шуда 315,3 ҳазор нафарро ташкил дод.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






