БОЗОРИ НАВ
Кӯлоб, 11 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ҷамъияти саҳомии «Наргис» дар наздикии бозорчаи «Гулчаҳон» — и шаҳри Кӯлоб бозори нав бунёд мекунад. Роҳбари ҷамъияти саҳомӣ Шерафган Гадоев зикр намуд, ки бозори нав болопӯшида буда, дар он зиёда аз 300 нафар ба фурӯши мол машғул шуда метавонад. Дар дохили бозор растаҳо ва дӯкону мағозаҳои маҳсулоти кашоварзӣ, молҳои саноатӣ ва ғайра сохта мешаванд. Айни ҳол сохтмони бозори нав шурӯъ шудааст. Бинокорон ваъда медиҳанд, ки бозори навро то моҳи марти соли оянда, дар арафаи иди Наврӯз ба истифода диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






