Д.МЕДВЕДЕВ: «СААКАШВИЛИ МАҚОМИ РОҲБАРИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ ДОДААСТ»

Сентябрь 3, 2008 12:04

           Маскав , 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар» , РБК).- Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни сӯҳбат бо кормандони воситаҳои ахбори оммавии Италия зикр кард, ки минбаъд барои мо «Президент Михаил Саакашвили» вуҷуд надорад, зеро вай мақоми роҳбарии сиёсии мамлакаташро аз даст додааст. Қайд карда шуд, ки Русия ба муҳокимаи проблемаи Гурҷистону Иристони ҷанубӣ тайёр аст. Ҷомеаи ҷаҳон бояд ба хубӣ дарк намояд, ки таҷовузро ба муқобили Иристони ҷанубӣ кӣ сар кард ва кӣ масъулияти ҳалокати ҳазорон нафар одамонро ба зимма мегирад.Президент дар бораи имконияти хориҷ намудани Русия аз ҷумлаи 8 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон сухан ронда изҳор намуд, ки «гурӯҳи ҳаштгона» бе Русия амалан ягон кор карда наметавонад. Зеро масъалаҳои ҷиддии замони ҳозираро танҳо бо иштироки давлатҳои калонтарин ва абарқудрат ҳал кардан мумкин аст.           Д.Медведев таъкид кард, ки Русия аз ҳар гуна таҳдидҳои хориҷ сохтани мамлакат аз «Гурӯҳи ҳаштгона» наметарсад.           Вай афзуд, ки «Гурӯҳи ҳаштгона» айни ҳол низ дар бобати ҳалли бисёр проблемаҳо оҷиз мебошад. Таъкид карда шуд, ки мамлакатҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза ба ҳамдигар вобастагии калон доранд. Ҳалли бисёр проблемаҳо ба муносибатҳои мутақобилан муфиди давлатҳо ва мамлакатҳо вобаста мебошад, гуфт Д.Медведев.  

Сентябрь 3, 2008 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст