ДАР ИСТАРАВШАН МАРКАЗИ НАВИ «ФАРҲАНГСАРОИ ОРИЁӢ» КУШОДА ШУД
Истаравшан, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Дар арафаи таҷлили Иди истиқлолият дар маркази ноҳияи Истаравшан дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маркази нави фарҳангии «Фарҳангсарои ориёӣ» кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Истаравшан Мунъим Холиқов ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маркази нави фарҳангӣ бо ташаббуси шоира Раънои Зоҳирдухт бо кӯмаки ҷамъияти форсизабонони «Рӯдакӣ» — и Фаронса сохта шуд. Бинои дуошёнаи марказ утоқҳои корӣ, китобхона, толори хониш, утоқҳои компютерӣ, ошхона, ду ҳуҷра барои қабули меҳмонон ва ғайра дорад. Тибқи нақша дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо гузаронида мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






