ДАР ТОҶИКИСТОН МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ҶОРӢ КАРДА ШУД

Сентябрь 2, 2008 13:13

             Душанбе, 2 октябр. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр сар карда, маҳдудияти таъминоти қувваи барқ ҷорӣ карда шуд. Аз ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки интиқоли қувваи барқ шабона аз соати 22-ю 30 дақиқа то соати 3-ю 30 дақиқа қатъ карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» — ро дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар минтақаҳои мамлакат аз аввали соли нави таҳсил қонеъ гардонд. Сабаби ин иқдом хушксолӣ ва камобии имсола мебошад.            Ба қавли мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» айни ҳол сатҳи оби обанбори Норак нисбат ба солҳои гузашта 9,5 метр паст мебошад. Тибқи паймони бо Ӯзбекистон ва Туркманистон ба даст омада, Тоҷикистон фасли зимистон аз ин ҷумҳуриҳо 1,8 миллиард килловат — соат қувваи барқ мегирад.            Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҳдудияти мазкур алҳол дар шаҳри Душанбе ҷорӣ карда намешавад.  

Сентябрь 2, 2008 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид