МАБЛАҒИ ҚАРЗИ «ОРИЁНБОНК»
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Маблағи барои додани қарз ҷудонамудаи Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» то 1 сентябри соли 2008 – ум 611 миллиону 82 ҳазор сомониро ташкил дод. Бонк то моҳи сентябр аз ин маблағ ба муассисаҳои тиҷоратӣ бо пули миллӣ ба андозаи 79,58 фоиз, ба корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ 15,24 фоиз, ба корхонаҳои давлатӣ 1,35 фоиз ва ба шахсони воқеӣ 3,83 фоиз қарз додааст. Қарзи бо асъори хориҷӣ додаи бонк ба муассисаҳои тиҷоратӣ дар ин муддат 51,72 фоиз, ба корхонаҳои кишоварзӣ 19,83 фоиз, ба корхонаҳои давлатӣ 28,24 фоиз ва ба шахсони воқей 21 фоизи маблағи зикршударо ташкил медиҳад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






