МУҶАССАМАИ РӮДАКӢ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ СУҒД ҚОМАТ АФРОХТ
Хуҷанд, 9 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр) — Субҳи имрӯз, 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба истифодадиҳии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1150 солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба вилояти Суғд сафар кард. Сарвари давлатро дар фурудгоҳи «Хуҷанд» раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят канори дарёи Сир парда аз рӯи пайкараи султони шоирон — А. Рӯдакӣ бардошта, оид ба мақому мартаба ва шӯҳрати ҷаҳонии устод Рӯдакӣ сухан ронд. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки сохтмони муҷассама соли 2007 оғоз гардида, арзиши он ба 3,4 млн. сомонӣ баробар аст. Масоҳати умумии майдони муҷассама 1,31 га буда, баландии он 14,5 метр мебошад. Вазнаш 11 тоннаро ташкил медиҳад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






