НАМОИШГОҲИ ҚОШҒАР СОЛИ ОЯНДА ДАР ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид чанд рӯз пеш дар Ярмаркаи иқтисодии тиҷорати берунии шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқоти намояндагони доираҳои тиҷоратии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ иштирок намуд. Вай дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот изҳор намуд, ки Тоҷикистону Чин ҳамкории иқтисодиро бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар густариш хоҳанд дод. Сафари ба қарибӣ дар Тоҷикистон анҷомёфтаи раиси давлати Чин Ху Сзинтао ва мулоқотҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иштироки роҳбари Чин дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар таърихи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди ҳар ду кишвар саҳифаи тоза боз намуд. Зимни мулоқоти Ш.Саид бо соҳибкорони чинӣ дар бораи сохтмони корхонаи семент дар Тоҷикистон қарордод имзо шуд. Тамоми маблағи сохтмони корхонаи мазкурро ҷониби Чин ҷудо хоҳад кард. Охири моҳи сентябр гурӯҳи коршиносони чинӣ барои мувофиқа сохтани қарордод ба Душанбе меоянд. Инчунин, паймон карда шуд, ки Намоишгоҳи ояндаи иқтисодии Қошғар моҳи августи соли 2009 дар ноҳияи Данғара гузаронида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






