НОМУРАТТАБИИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР БАЪЗЕ МАҲАЛҲОИ ПОЙТАХТ

Сентябрь 13, 2008 13:04

          Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дирӯз, 12 сентябр интиқоли қувваи барқ ба баъзе биноҳои кӯчаи ба номи Алишери Навоӣ ва маҳаллаи 101 -уми пойтахт дар давоми чанд соат қатъ гардид. Аз Шабакаи барқи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабаби ин носозии хати интиқоли қувваи барқ мебошад. Хабар дода мешавад, ки гурӯҳи тармимгарон сари вақт носозиро бартараф кард ва баъди чанд соат ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ қувваи барқ дода шуд.          Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, вобаста ба хеле паст гардидани сатҳи оби дарёи Вахш ва обанбори Норак аз 11 сентябр сар карда, таъминоти қувваи барқ дар ҷумҳурӣ маҳдуд карда шуд. Вале ин маҳдудият алҳол ба пойтахти ҷумҳурӣ дахл намекунад. Қувваи барқ ба корхонаҳои саноатие, ки қарздор нестанд, мувофиқи ҷадвали муқарраргардида дода мешавад.                                       Тарҷумон — Қудратов А.

Сентябрь 13, 2008 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид