ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶМАИ КУЛЛИ СММ

Сентябрь 26, 2008 12:45

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии сиёсии Иҷлосияи 63 – юми Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид сухан ронда, таваҷҷӯҳи сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои байналмиллалиро ба масъалаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки об на танҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа, аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. «Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун муқаррар карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад. Зеро, Мулоқоти мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 26, 2008 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад