«САЙРИ ХАРБУЗА» ДАР ХУҶАНД

Сентябрь 2, 2008 09:25

           Хуҷанд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати кишоварзии вилоят дар боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» иди «Сайри харбуза» баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қ.Расулзода иштирок намуд.           Сабзавоткорони ноҳияи Зафаробод ба озмуни харбузапарварон харбузаи вазнинтаринро пешниҳод карданд, ки вазни он 13 килограмму 960 грамм буд. Деҳқонони зафарободӣ дар озмуни мазкур ҷойи аввалро гирифта, соҳиби телевизори ранга гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои дуюм ва сеюм видеомагнитофон ва қолин тӯҳфа карда шуд.       Занбӯрпарварони беҳтарин низ сазовори мукофотҳо гардиданд. Дар фарҷоми ид маҳсулоти кишоварзӣ пешкаши харидорон гардонда шуд.                                                                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А.

Сентябрь 2, 2008 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст