СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОН
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Тавре иттилоъ дода будем бо ташаббуси Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф дар шаҳру навоҳии мамлакат семинарҳои омӯзишӣ мегузаранд. Имрӯз корманди Маркази зикршуда, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Диловар Латифов, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ки алҳол машғулиятҳои семинар дар ду ноҳия — Айнӣ ва Қӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардиданд. Машғулияҳоро олимону мутахассисони Донишкадаи такмили ихтисоси назди Раёсати хизмати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мегузаронанд. Шунавандагони ин семинарҳо кормандони шӯъбаҳои маориф ва сарварони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд. Дар ноҳияҳои зикршуда машғулиятҳои семинар то 30 сентябр идома меёбад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






