ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ САЙИДИ ФИТР

Сентябрь 29, 2008 08:25

Табрикоти Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр             Ҳамватанони гиромӣ!           Рўзи якуми октябр иди Сайиди Фитр, ки мардум онро ҳар сол бо эътиқод, ихлос ва орзуву омоли нек пешвоз мегирад, фаро мерасад.           Иди Сайиди Фитр ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.Рўза дар поксозӣ ва парвариши бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад.            Паёмбари гиромӣ, ки худ нўҳ сол рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рўза аст». Фармудаҳои шариат дар мавриди рўзадорӣ — ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ѓояҳои эҳсону накўкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дўстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ѓамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон.           Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷустан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ ва мудорост, чеҳраи хандон ва оѓўши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, азхудгузаштагӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост.  Ислом покиву парҳезгорӣ аст, илму адаб ва панду насиҳат аст.             Хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо,  сўҳбатҳои уламои ислом бо мардуми рўзадор дар сӣ шаби ифтор зимни тафсири оятҳои карима, шарҳи ҳадисҳои набавӣ, нақли ривоятҳо аз рўзгори родмардони илму фарҳанг ва бузургони дин сӣ дарси одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ буданд.           Масҷидҳоро хонаи Худо меноманд; мардум ба ин макони муқаддас ба хотири ибодати Парвардигор ва бардошти ѓизои маънавӣ меоянд. Вале ин ѓизои рўҳиву маънавӣ низ ба монанди рўзие, ки аз роҳи касби ҳалол ҳосил мешавад, бояд ҳалолу покиза бошад, то ақлҳоро равшану нуронӣ гардонад, дилҳоро сафову ҷило бахшад.             Масҷид бояд ба минбари таблиѓи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, манбаи таассубу хурофот, ихтилофу парокандагӣ байни мардум табдил дода нашавад, балки пайвандгару муттаҳидсози ҳамаи сокинони кишвар, сарфи назар аз миллату мазҳаб ва эътиқоду андешаи онҳо бошад; ба таъбири мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ, вазифаи он «васл кардан» бошад, на «фасл кардан».Чунонки маълум аст, аксарияти мутлақи мусулмонони кишвар пайрави нахустин мактаби ҳуқуқӣ — фиқҳӣ, паҳнгаштатарин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат – мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.              Мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари мо, дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии он нақши махсус дорад.            Сабаби асосии густариш ва интишори васеъи таълимоти Абўҳанифа ва дигар имомони мазҳаби мазкур ин аст, ки он бо ҳаёти ҷомеа ва зиндагии мардум, урфу одат ва равобити иҷтимоии он созгору ҳамқадам буда, онҳо дар ҳалли бисёр масоили ҳаётан муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ урфи мардумро асли шаръӣ қарор медоданд. Мазҳаби ҳанафӣ бар пояҳои устувору матини усулӣ ва дар ѓояти эътидол қарор дошта, комилан ҷавобгўи талаботу ниёзҳои моддиву маънавии башарӣ мебошад.            Пешвои мазҳаб Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит, ки бо лақаби Имоми Аъзам шуҳраи офоқ гаштааст, бунёдгузори илми фиқҳ буд. Ҳамаи имомони дигар мазҳабҳо ба пешвои дин будани Имоми Аъзам қоиланд ва фазлу мартабаи  ўро  эътироф кардаанд. Чунончи, яке аз пешвоёни мазҳаб — имом Шофеӣ гуфтааст: «Ҳар касе бихоҳад фиқҳро биёмўзад, бояд ба Абўҳанифа ва ёронаш муроҷиат кунад, зеро ҳамагон ба фиқҳи ў ниёз доранд».           Имрўз низ гиромидошти мазҳаби ҳанафӣ ва арҷгузорӣ ба он гиромидошт ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ аст. Зеро аз як сў, аксарияти мардуми мусулмони кишвари мо аз оѓози мушарраф гаштан ба дини мубини ислом ниёзҳои эътиқодии худро маҳз аз дидгоҳи ҳамин мазҳаб қонеъ мегардонанд, аз сўи дигар, мазҳаби ҳанафӣ дар тўли таърихи 1300-солаи худ дар саросари рубъи маскун дар байни миллату халқҳои гуногун густариш ва интишор ёфт. Алҳол аксари мусулмонони суннимазҳаби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Бангладеш, Ироқ, Сурия, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон ва ѓайра дар ҳалли масоили шаръӣ аз рўи фармудаҳои фиқҳи ҳанафӣ амал мекунанд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароѓи тобону дурахшон ва роҳнамои мусулмонон дар саросари ҷаҳон мебошад.          Аз ин рў, барои арҷгузории фарзанди фарзонаи миллат, олим ва мутафаккир, шахсияти бузурги фарҳангию динӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид.Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мусулмононро бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям.            Ба ҳамаи шумо имони комил, хушбахтиву некрўзӣ, барору комёбиҳо дар роҳи худшиносиву худошиносӣ, дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд, ваҳдату якпорчагӣ ва тинҷиву оромӣ орзумандам.           Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Сентябрь 29, 2008 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Сино ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» муайян карда шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид
Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти Маркази саратоншиносӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Алоқа барои бонк
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи гулу растанӣ ташкил карда шуд
Хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин»-и шаҳри Ваҳдат 4 оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд