БАРОИ ТАЛАБАГОНИ СИНФИ ЯКУМ ТАНҲО ОМӮХТАНИ АЛИФБО КИФОЯ НЕСТ

Октябрь 7, 2008 12:20

         Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Номзади илмҳои омӯзгорӣ Адиба Алиева дар давоми 8 соли охир дар мавзӯи «Асосҳои педагогии истифодаи технологияи муосир дар таълими хату савод дар мактабҳои Тоҷикистон» таҳқиқот мебарад. Вай аз ҷумла менависад, ки дараҷаи донишу малака ва маҳорати талабагони синфи якум баъди омӯхтани китоби Алифбо дар ҳудуди хондану навиштан маҳдуд мегардад. Муҳаққиқ хулосаҳои илмии худро дар гимназияи хусусии «Душанбе», мактабҳои миёнаи №№7,10,78 – и шаҳри Душанбе, № 53 ноҳияи Ҳисор ва №82 – и ноҳии Рӯдакӣ дар амал озмуд.        Аз таҷрибаи ин мактабҳо чунин хулоса бароварда мешавад, ки роҳу усулҳо ва воситаҳои таълими хату савод дар давоми ним соли таҳсил бештар густариш ёфта ва такмил дода мешавад. А. Алиева дар мақолаи худ зикр мекунад, ки айни ҳол дар мактабҳо омӯзиши хату савод аз рӯи усулҳои тақлид ба овозҳо ва таҳлилу муносибатҳои умумӣ ба ҷараёни таълими савод ба роҳ монда шудаааст, вале на ҳамаи муаллимон аз усулҳои беҳтарин ва пешқадами таълими хату савод самарабахш истифода бурда метавонанд. Муаллим бояд дар ҷараёни таълим пеш аз ҳама ба нутқи мантиқии талабагон диққат дода, калимаҳоро мувофиқи талаботи забони адабӣ, ифоданок, аниқ ва мантиқӣ баён карда тавонад. Дар ин бобат ба муаллимон техникаи компютерӣ кӯмаки калон мерасонад. Тавсияҳои Адиба Алиева ба омӯзгорон кӯмак мерасонад, ки барои таълимии хату савод ва малакаи хондани китоб ба талабагон аз усулҳои пешқадами ҳозиразамон истифода баранд.

Октябрь 7, 2008 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд