ДАНҒАРА ПЕШСАФИРО НИГОҲ ДОШТ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 27 октябр ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон яке аз аввалинҳо шуда дурнамои истеҳсоли ҷамъоварии пахтаро иҷро намуд. Деҳқонон ва фермерҳои ноҳия аз камбудиҳои соли 2007 хулосаи даркорӣ бароварда, аз ибтидои соли ҷорӣ корро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монданд. Натиҷааш ин буд, ки рӯзи 27 октябр деҳқонон ва фермерҳои ноҳия дар асоси дурнамои истеҳсолӣ ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро намуданд. Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳои деқонӣ ва фермерҳоро бо ин дастовардҳояшон, ки беш аз 6 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, табрик намуданд. Роҳбарони ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба пешқадамони хоҷагиҳои пахтакор тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ кишти баҳорӣ аз ҳамин ноҳия ибтидо ёфт ва пахтакорони ноҳия дар назди ҳампешагони худ аз омодагии хуб ба кишти баҳорӣ ҳарф заданд. Ин буд, ки деҳқонони ростқавл то охир дар иҷрои ваъдаи худ содиқ монданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






