МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ВУСЪАТИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ

Октябрь 7, 2008 08:06

       Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Намояндагони расмии мамлакатҳои иштирокдори барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Боку роҳу усулҳои  вусъат додан ва тезонидани ҷараёни ҳамкории  минтақавӣ  ва ҳамгироиро баррасӣ намуданд.            Дар маҷлис нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани барномаҳои ҳамкорӣ  дар соҳаҳои нақлиёт ва тиҷорат, барномаи ҳамкорӣ дар  соҳаи  сиёсати тиҷорат ва  нақшаи фаъолияти  пажӯҳишгоҳи  барномаи минтақавӣ барои солҳои 2009-2011 муҳокима  шуданд.            Мухбири АМИТ  «Ховар»  хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур намояндагони расмии Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Бонки рушди Осиё, бонки тармиму  таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи байналхалқии асъор, бонки рушди исломӣ, Муассисаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.            Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис  мушовири калони  Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев ширкат варзид, ки ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар барномаи мазкур мебошад. 

Октябрь 7, 2008 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд