НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИНАВ
Шаҳринав, 28 октябр. ( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ноҳияи Шаҳринав торафт ободу зебо мешавад, агар тибқи Барномаи «Рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015» , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 тасдиқ шудааст, сохтмони иншоотҳо дар вакташ шурӯъ ва анҷом ёбад, иброз дошт раиси ноҳия Раҳматуллои Пӯлод дар ҷараёни нишасти матбуотӣ , ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ҷо баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раис, раисони ҷамоатҳо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд. Дар ҷамъбасти 9- моҳа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1902,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 539,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи Орди Шаҳринав, Ҷамъияти матлубот истеҳсоли орду маҳсулотҳои нониро зиёд намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани истеҳсоли молҳои талаботи ниёзи мардум, тадбирҳои судманд андешидаанд. Истеҳсоли орд дар корхонаи «Орди Шаҳринав» дар 9 моҳи соли равон 6000 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1886 тонна зиёд ё худ 145% мебошад. Корхонаи пахтатозакунии Чептура дар 9 моҳи соли равон 204 тонна нахи пахта, 348 тонна чигит, 9 тонна линт коркард карда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ то ба 669,4 сомони расонид. Масъалаи ободони, сохтмони иншоотҳои замонавӣ, бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолӣ ҳамеша дар маркази диққати роҳбарият аст. Дар шаҳраки Шаҳринав ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ177 м қубурҳои обгузар хобонида шуд. Ба маблағи 8200 сомонӣ дар шаҳраки Октябр як насоси обкаши таъмиру ба кор дароварда шуд. Барои ба барқ таъмин кардани сохтмони иншоотҳои барномаи рушд ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ трансформатори тавоноиаш 250 кВТ шинонида шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






