САМБОЧИЁНИ ТОҶИК АЗ ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН БО 5 МЕДАЛ БАРГАШТАНД

Октябрь 15, 2008 16:08

             Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Тошканд қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасону ҷавонон ба анҷом расид. Самбочиёни тоҷик 5 медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.              Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавони навраси тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 48 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Айниддин Қурбонов дар ин вазн байни ҷавонон ҷои дуввумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.              Инчунин, Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 74 килограмм байни ҷавонон, Файзиддин Абдуллоев дар вазни то 70 килограмм байни наврасон ва Рашид Раҳимов дар вазни то 75 килограмм миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд. Дар ин мусобиқот варзишгарон аз 35 кишвар ширкат карданд.             Дар ҳисоби даставӣ Русия бо касби 28 медал, аз ҷумла 16 тилло ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва Беларус ҷои саввумро касб карданд. Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.

Октябрь 15, 2008 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст