ҶСК «АГРОИНВЕСТБОНК» БО ҶОИЗАИ «БЕҲТАРИН БОНК — ШАРИК» МУКОФОТОНИДА ШУД

Ноябрь 5, 2008 12:34

          Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде қабл бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон, ҶСК «Агроинвестбонк», Хазинаи Сорос, USAID ICCO  ва CAMFA дар Душанбе Форуми маблағгузории хурди инвеститсионӣ — ҳуқуқии «Сармоягузории масъулиятнок ва мувофиқи ҳуқуқӣ» баргузор гардид.  Дар ҷамъомади мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Бонки  миллии Тоҷикистон, бонкҳои дигари ҷумҳурӣ, ташкилотҳои молиявии хурд, сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои молиявии хориҷӣ иштирок доштанд. Дар кори он  масоили вобаста ба дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани иқлими инвеститсионӣ ва такмил додани муҳити ҳуқуқӣ дар маблағгузории хурд, нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар бозтамвили бахш, имкониятҳо, шароитҳо ва талабот, таҷрибаи байналхалқии механизмҳои самараноки танзими сармоягузории хурд, такмил додани танзими меъёрӣ — ҳуқуқии бахш дар ҷумҳурӣ, натиҷаҳои бадастомада ва талаботҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бори нахуст Форуми маблағгузории хурди инвеститсионӣ — ҳуқуқӣ барои ғолибони озмуни «Беҳтарин Сармоягузор», «Беҳтарин Бонк — Шарик», «Беҳтарин Коршиноси Қарзӣ» ва «Беҳтарин Роҳбари ташкилоти хурди молиявӣ» чор ҷоиза пешниҳод намуд.         ҶСК «Агроинвестбонк»  дар ҷумҳурӣ аввалин бонкест, ки барои омодагӣ ба ҳамкории асоснок ва дастгирии ташаббусҳои бахш, саҳмгирӣ ва таъсиси аввалин институти миллӣ — Ташкилоти Хурди Депозитии «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» ва саҳмгузорӣ дар рушди Ассотсиатсияҳои ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо ҷоизаи «Беҳтарин Бонк — Шарик» мукофотонида шуд. Ҷоизаи мазкурро ба намояндаи  ҶСК «Агроинвестбонк» роҳбари лоиҳаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ Бернд Беннинг супурд.

Ноябрь 5, 2008 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст