БОРОНГАРИҲОИ РӮЗҲОИ ОХИР КИШТРО БА ТАЪХИР АНДОХТ

Ноябрь 11, 2008 11:15

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори кишоварзии ноҳияи Ваҳдат Ҷамолиддин Сафаров, кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия аз сабаби боронгариҳои рӯзҳои охир ба таъхир афтод. Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар масоҳати 4 ҳазору 936 гектар кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла кишти  гандум гузаронида  мешавад. То 10- уми ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 2663 гектар гандум кишт карда шудааст, ки ин баробар ба 56 фоизи дурнамо мебошад. Ҳоло дар хоҷагии «Ленин»-и ноҳия дар майдони 160 га, хоҷагии кооперативии истеҳсолии «Шоразми Боло» -122 га, «Аввалмурод Кенҷаев»- 108, хоҷагии «Карим Исмоилов» -105 ва хоҷагии деҳқонии «Сомониён» дар масоҳати 110 га кишти тирамоҳии гандум анҷом додаанд, ки ин нисбат ба дурнамои истеҳсолии ин хоҷагиҳо хеле кам аст.                Кишоварзони ноҳия азм доранд, ки баробари  беҳ шудани вазъи обу ҳаво кишти тирамоҳиро то 25-уми ноябр пурра ба охир мерасонанд.

Ноябрь 11, 2008 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст