ДАР ЁВОН ЗИЁДА АЗ 2 ҲАЗОР ШАҲРВАНД БА КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД

Ноябрь 21, 2008 14:56

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ширкати «Хима»-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати итолиёвии «Тексита» дар ноҳияи Ёвон ба сохтмони корхонаи калонтарини ресандагӣ- бофандагӣ шурӯъ карданд.      Тибқи нақшаи сохтмонӣ, ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхона бештар аз 4 ҳазор тонна нахи пахта коркард мешавад. Дар назар аст, ки дар чанд сехи он дӯхтани либосҳои мардонаю занона низ ба роҳ монда шавад.       Дар навбати аввали ба кор даромадани корхона бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба кор таъмин мегарданд.

Ноябрь 21, 2008 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад