ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРӢ СОҲИБИ ШИФОХОНА ШУД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Субҳи имрӯз дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдаки маросими ба истифода додани шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Гвардияи миллӣ то ҳол шифохонаи алоҳида надошт. Дар маросими ифтитоҳи шифохонаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Вай ва ҳамроҳонаш ҳуҷраҳои табобатӣ ва ӯтоқҳои шифохонаро аз назар гузаронданд. Тамоми ҳуҷраҳои кории шифохона бо асбобу анҷоми навтарин таҷҳизонида шудаанд. Онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шифохона тӯҳфа кардааст. Шифохонаи ҳарбӣ дорои 9 шӯъба, дорухона ва озмоишгоҳи махсус мебошад. Дар он якбора ба 120 хизматчии ҳарбӣ кӯмаки тиббӣ расонида мешавад. Дар шифохона духтурони касбӣ кор мекунанд. Шифохона 6 мошини сабукрави «Ёрии таъҷилӣ » ва 1 автобус дорад. Гвардияи миллии Тоҷикистон бевосита ба Президенти ҷумҳурӣ — Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ итоат карда, вазифаҳои мувофиқи қонун ба зимма гирифтаашро иҷро менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






