КӮМАКИ ШВЕЙТСАРИЯ ВА СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ БА ҶТ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои амалӣ сохтани барномаи кам кардани таъсири шароити ғайримуқаррарии иқлим ба соҳаи тандурустӣ созишнома имзо карданд. Мувофиқи он фасли зимистони соли равон ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон кӯмак расонда мешавад. Маблағи умумии барнома 381 ҳазор франки швейтсариро ташкил медиҳад. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати Тоҷикистон баъди зимистони каҳратуни соли гузашта ба мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои ҳавои сард ва бӯҳрони энергетикӣ кӯмак расонанд. Барномаи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






