КОРМАНДОНИ ШАБАКАИ АВВАЛ БА ЭРОН РАФТАНД

Ноябрь 11, 2008 14:56

            Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз як гурӯҳи 10- нафараи кормандони эҷодию техникии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии саркоргардони шабакаи мазкур Набӣ Набиев ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон -шаҳри Теҳрон рафтанд. Директори барномаҳои шабакаи аввали телевизиони  Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ҳадафи сафари кормандони телевизиони Тоҷикистон ба Эрон омӯзиши таҷрибаи ҳамкасбони эронии худ мебошад. Дар ҷараёни сафар, ки як ҳафта идома меёбад, кормандони ТВТ бо роҳбарият ва масъулини Созмони садо ва симои Эрон дидору мулоқот намуда, бо фаъолияти Созмони мазкур, хусусан бо бахши техникӣ, барномасозӣ ва филмофарии он шинос мегарданд. Ҳамзамон,  назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста,  сафари  кормандони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба Эрон дар асоси қарордоди ҳамкорӣ, ки байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст,  ҷараён мегирад. Ба ҳайати мазкур кормандони бахши техникии ТВТ ва сармуҳариррони идораҳои гуногуни он,  аз ҷумла Дилором Раҳимова, Бахтиёр Сафаров, Хӯҷаназари Аминиён, Ховари Абдулҳай,  Ҷумъабой Султонов ва дигарон шомиланд.           Онҳо дар ҷараёни сафар бо мероси таърихию фарҳангии шаҳрҳои қадимаи Эрон ошно хоҳанд гашт.

Ноябрь 11, 2008 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст