МАРДУМ БО МАБЛАҒИ ХУДАШОН НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ МЕСОЗАНД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба 35 адад расид. Тавре мудири Шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Содиқ Рустамов хабар дод, сокинони ноҳия бо истифода аз рӯдхонаҳои кӯҳии хурду сойҳо, бо маблағҳои худашон масолеҳи сохтмонӣ ва генераторҳо харида, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ месозанд. Иқтидори ин нерӯгоҳҳои хурд аз 2 то 60 киловатт буда, иқтидори умумии онҳо ба 800 киловатт баробар аст,- Содиқ Рустамов.Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 500 киловатт мавриди истифода қарор гирифт. Барои бунёди он 600 ҳазор доллар маблағ сарф шуд. Инчунин, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмони ду нерӯгоҳи хурди дигар бо иқтидори 500 ва 60 киловатт идома дорад, ки арзиши лоиҳавии аввалӣ ба 2,1 млн. сомонӣ ва дуюмӣ ба 200 ҳазор доллар баробар аст. Лозим ба ёдоварист, ки ин нерӯгоҳҳо бояд то соли 2010 ба истифода дода шаванд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






