МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОРҶ КРОЛ
Имрўз 11 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Кролро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои сиёсӣ ва густариши муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Тоҷикистону Амрико шарикони муҳим дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ дар минтақаи васеи Осиёи Марказианд».Қаноатмандӣ ҳамчунин аз ҳамгироиҳои босамари сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳор карда шуд.Таваҷҷўҳи зиёд ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ зоҳир гардид, аз ҷумла баҳри аз худ намудани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва истихроҷи газу нафти Тоҷикистон.Гуфтугў атрофи авзои кунунии Афѓонистон, бозсозии иқтисодиёти он ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






