ШӮҲРАТИ ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИК АФЗУНТАР МЕГАРДАД

Ноябрь 24, 2008 11:20

        Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби мардонаи шоҳмотбозони Тоҷикистон дар даври ҳаштуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот зимни қувваозмоӣ бо дастаи Фаластин ғолиб омад. Ҳисоби умумии қувваозмоӣ 2,5 : 1,5 ба фоидаи шоҳмотбозони тоҷик мебошад. Вале дастаи мунтахаби занони шоҳмотбози Тоҷикистон дар қувваозмоӣ бо дастаи Кумитаи байналхалқии шоҳмотбозони маъюб бо ҳисоби 0,5 :3,5 мағлуб гардид.        Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар ҷадвали бозиҳои Олимпиада 15 зина боло баромад. Онҳо айни ҳол бо 18,5 хол ҷои 59 –умро ишғол мекунанд. Мавқеи дастаи мунтахаби занони шоҳмотбози тоҷик низ бо вуҷуди бохти охирини онҳо дар ҷадвали бозиҳо хеле беҳтар гардид. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон айни ҳол бо 14,5 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои 81 –умро ишғол менамояд.

Ноябрь 24, 2008 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд