ҚАРЗИ ХОҶАГИҲОИ ПАХТАКОРИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА 90 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕРАСАД

Декабрь 4, 2008 08:41

          Хуҷанд, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Маъракаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд анҷом ёфт. Пахтакорони вилоят имсол аз масоҳати бештар аз 60 ҳазор гектар 89 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки 51,8  фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Имсол дар вилоят аз  ҳар гектар пахтазор  14,1 сентнер ҳосил гирифта шуд. Сардори Раёсати кишоварзии  вилоят Бобоҷон Домуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки хоҷагиҳои пахтакор то 1- уми  январи соли  2008 аз сармоягузорон 90 миллион доллари ИМА қарздор шуданд. Қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз муассисаҳои андоз, истифодаи об ва қувваи барқ 83,3 миллион  сомониро ташкил медиҳад.

Декабрь 4, 2008 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст