ҚИММАТИ ГАЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ БОЛО МЕРАВАД?
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз марҳилаи якуми гуфтушуниди «Тоҷикгаз» бо «Ӯзтрансгаз» натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашуд,- иттилоъ доданд аз «Тоҷикгаз» ба мухбири АМИТ «Ховар». Қиммати гази аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқолшаванда барои соли 2009 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз номаълум аст. Дар назар аст, ки қиммати гази табии аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дигар ҷумҳуриҳо интиқолшаванда боз зиёд мегардад. Ба гуфтаи раиси ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, «Тоҷикгаз» барои соли 2009 дар ҳаҷми 550 миллион метри мукааб газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карданист. Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2008 ба ҷойи 1 миллиард метри мукааб гази дар асоси қарордод баимзорасида, ҳамагӣ 650 млн. метри мукааб газ то охири сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






