ҚОЧОҚЧИЁНИ НАШЪА АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР САНКТ- ПЕТЕРБУРГ ДАСТГИР ШУДАНД
Маскав, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Кормандони раёсати назорати маводи нашъадори Хадамоти федералии Русия дар вилояти Омск ҳамроҳи касбонашон аз вилояти Ленинград ва шаҳри Сант- Петербург дар Омск миқдори зиёди моддаи нашъадори героини истеҳсоли Афғонистонро мусодира карданд. Вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда 133 килограм мебошад. Аз Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба минтақаҳои гуногуни Русия асосан шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буданд. Вале амалиёти минбаъдаи ошкор сохтани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор давом дода шуд. Маълум гардид, ки нашъаҷаллобон маводи нашъадорро ҳатто ба минтақаи шимолу ғарбии Русия интиқол додаанд. Яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон табааи Русия мебошад, дар вақти фурӯхтани миқдори муаяйни героин дастгир карда шуд. Кормандони милиса аз мошини ӯ 300 грам маводи нашъадор ёфтанд. Зимни кофтукови хонаи яке аз нашъаҷаллобон дар шаҳри Санкт- Петербург 127 килограм маводи нашъадор ёфт шуд. Аз рӯи ташхиси коршиносон, героини мусодирашуда навъи олӣ мебошад.То имрӯз ду қочоқчии нашъа дастгир карда шуд. Шарикони онҳо ҷустуҷӯ карда мешаванд. Вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки умуман дар ҷараёни амалиёти мазкур 260 килограм героини навъи олӣ мусодира карда шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






