ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАИ ГИЁҲДАРМОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ГИЁҲ ДАР КИШВАР

Декабрь 22, 2008 09:55

           Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 19-уми декабри соли ҷорӣ дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ, Институти байналмилалии омўзиши осори Ибни Сино ва фармакология (ИБООИС) Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистон баргузор гардид.                    Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар анҷуман намояндагони вазорати мазкур, Маркази ҷумҳуриявии тиби халқӣ, кормандони Пажўҳишгоҳи байналхалқии омўзиши осори Абўалӣ ибни Сино ва фармакология, инчунин олимони варзидаи соҳа иштирок намуданд.                   Дар анҷуман масъалаҳои муҳими гиёҳдармонӣ ва истифодаи гиёҳҳои дорувории кишвар, ба монанди нашри китобу рисолаҳои олимони тиби тоҷик оид ба гиёҳдармонӣ, маълумот оид ба гиёҳҳои дорувории кишвар, натиҷаи омўзиши клиникӣ ва фармакологии гиёҳҳои шифобахши кишвар ва имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                  Тавре муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар баромади худ қайд намуд, гиёҳдармонӣ — муолиҷаи беморон бо ёрии доруҳои набототӣ яке аз усулҳои қадимтарини табобатии тиби суннатӣ ба шумор меравад.                 Чуноне, ки қайд гардид, баргузории Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои вобаста ба ворид намудани воситаҳои дорувории ватанӣ бар ивази доруҳои синтетикии начандон безарари хориҷӣ ва истифодаи васеи усули табобати гиёҳдармонӣ дар кишвар такони хубе мегардад.  

Декабрь 22, 2008 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад